Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак!!!

Имрӯз муовини директор оид ба корҳои тарбиявии литсейи рақами 3 Собирзода Фароғат Собир рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Асосҳои методии ташкил ва баргузории корҳои беруназсинфии математикӣ дар синфҳои 5-6- и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ дар толори Шурои олимони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бомуваффақият ҳимоя намуд. Роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва кормандони МДТ литсейи 3 муаллимаро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, дар масири расидан ба қуллаи мурод парвозҳои баланди илмию эҷодиро таманно менамоянд.